This isn't an official website of the European Union

Тоҷикистон: Ҷаласаи 13-уми Муколамаи ҳуқуқи инсон дар Душанбе якҷоя бо Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд

08.12.2022
Душанбе
EEAS Press Team

Рӯзи 7 декабри соли 2022 Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон даври 13-уми Муколамаи ҳамасолаи ҳуқуқи инсонро баргузор намуданд.

Зимни муколама табодули ошкоро ва созанда нисбати доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, хушунати ҷинсӣ ва роҳ надодан ба табъиз сурат гирифт. Иттиҳоди Аврупо аз талошҳои ҷорӣ дар самти таҳкими заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт истиқбол намуд. Дар робита ба ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва дигар шаклҳои муомилаи ғайриинсонӣ, инчунин ислоҳоти муассисаҳои ислоҳӣ ҷонибҳо тадбирҳои рафъи камбудиҳо ва зарурати таъсиси низоми мустақили мониторинг ва назорати муассири судиро баррасӣ карданд.

Диққати махсус ба озодии сухан ва дастрасии иттилоот, ҳам тариқи бурунхат (офлайн) ва ҳам бархат (онлайн) дода шуд. Иттиҳоди Аврупо аз фазои кории рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва инчунин доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ намуд. Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 изҳори нигаронии ҷиддӣ карда ва хостори таҳқиқи мустақил шуд. Иттиҳоди Аврупо аз мақомот даъват намуд, ки меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро риоя намоянд. Дар рафти мулокот баъзе масъалаҳои алодида низ таҳти мудокима қарор дода шуданд.

Дар заминаи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии афзалиятҳо (GSP+), бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо мақсади арзёбии самаранокии татбиқи 27 конвенсияи асосии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои меҳнат, тағйирёбии иқлим ва идоракунии оқилона машваратҳо гузаронида шуданд.

Муколамаи мунтазам оид ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷузъи ҷудонашавандаи муносибатҳои дуҷонибаи мо мебошад. Пешрафт дар самти эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар партави музокироти дарпешистода оид ба Созишномаи васеи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.

Мулоқот дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони мақомоти давлатӣ раисӣ намуд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Дитмар Крисслер, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо роҳбарӣ намуд.

Peter Stano
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)460 75 45 53