This isn't an official website of the European Union

Тоҷикистон: Изҳороти матбуотии Иттиҳоди Аврупо пас аз Шӯрои ҳамкорӣ

04.07.2023
Luxembourg
EEAS Press Team

Рӯзи душанбеи 26 июн дар Люксембург ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Шӯрои ҳамкорӣ вазъи равобити дуҷонибаро баррасӣ намуда, рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ, ҳамчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард.

Ҷонибҳо аз оғози музокирот оид ба Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории густурда (EPCA) изҳори қаноатмандӣ карданд ва интизор будани идомаи муҳокимаҳоро қайд намуданд. Ин созишнома як қадами муҳиме ба пеш дар равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буда, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои нав ва густариши доираи ҳамкориҳои мазкур муаррифӣ мекунад.

Иштирокчиён ҳамкориҳои худ, аз ҷумла равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти таъмини нерӯи барқ ва иртиботот ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам байни Осиёи Марказӣ ва Аврупоро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо пешрафтро дар татбиқи натиҷаҳои Конфронси пайвастагии устувори Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Вохӯрӣ ҳамчунин имкон дод, ки масъалаҳои идоракунии хуб, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд. Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба беҳбуди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ташвиқ карда, ба аҳамияти озодии баён таъкид кард ва масъалаи таъқиби баъзе блогерҳо ва рӯзноманигоронро ба миён гузошт.

Бар асоси пешрафтҳои мусбӣ, аз қабили ҷиноии зӯроварии хонаводагӣ, ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар доираи саъю кӯшишҳои Тоҷикистон барои шомилшавӣ ба низоми GSP+ нақши муҳим мебозад.

Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо мақомотҳои Тоҷикистонро даъват кард, ки равандҳои ислоҳотро тақвият бахшанд ва бори дигар аҳамияти сиёсати макроиқтисодии устувор нигаронидашуда ва пешрафти минбаъда дар идоракунии молияи давлатӣ ҳамчун роҳҳои беҳбуди фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки метавонад ба ҳалли инноватсионӣ ва сабз оварда расонад, таъкид кард. Татбиқи бомуваффақияти GSP+ иқтидори афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро зиёд мекунад.

Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба Тоҷикистон дар талошҳои он барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва дар раванди ислоҳот тасдиқ намуда, зарурати фаъолгардонии онҳоро қайд кард. Иттиҳоди Аврупо аз талошҳои ҷории ислоҳот дар бахшҳои энергетикӣ ва об истиқбол намуда, Тоҷикистонро барои истифода аз иқтидори бузурги энергияи барқароршавандаи худ барои сабз кардани системаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ташвиқ кард. Ҳамчунин дастовардҳои кумакҳои дуҷониба ба рушди Тоҷикистон, ба хусус дар се бахши калидии тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ду тараф ҳамчунин масоили мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷанги таҷовузкоронаи Федератсияи Русия алайҳи Украина бардоштан. Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ташвиқ кард ва нақши созандаи он барои ҳамкориҳои васеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он истиқбол кард. Нақши муҳими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар самти дипломатияи об ва тағирёбии иқлим эътироф гардид.

Ҷаласаи мазкурро ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ кард. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро аз номи ҷаноби Ҷозеп Боррелл, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният, ҷаноби Тобиас Биллстрём, Вазири корҳои хориҷии Шветсия, роҳбарӣ намуд.

Nabila Massrali
Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 2 29 88093
+32 (0) 460 79 52 44
Zoi Muletier
Press Officer for Neighbourhood and Enlargement/Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 29-94306
+32 (0)460794306