This isn't an official website of the European Union

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот - Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо аз номи Иттиҳоди Аврупо

03.05.2023 EEAS Press Team

«Ҳар кас ҳуқуқ ба озодии ақида ва баён дорад; ин ҳуқуқ озодии бидуни дахолати ақидаи худ ва ҷустуҷӯ, гирифтан ва паҳн кардани иттилоот ва ғояҳоро тавассути ҳама гуна васоити ахбори омма, бидуни мулохизоти марзи давлати, фаро мегирад».

 

Ҳимояи озодии баён, ки 75 сол пеш дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сабт шуда буд, яке аз авлавиятҳои асосии фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи ҳуқуқи башар боқӣ мемонад. Имсол дар якҷоягӣ бо ЮНЕСКО таъкид менамоем, ки озодии баён имрӯз беш аз ҳарвақта барои татбиқи тамоми дигар ҳуқуқҳои инсон муҳим аст ва дар «Ташаккули ояндаи ҳуқуқ» саҳми ҳалкунанда мегузорад.

Дар ҳоле ки нигоҳ доштани озодӣ, истиқлолият ва гуногунандешии ВАО барои ҳаёт ва солимии низомҳои демократӣ муҳим аст, дар аксари кишварҳои ҷаҳон озодии матбуот ҳоло зери суол қарор дорад. Рӯзноманигорон, мутахассисони васоити ахбори омма ва дигарон, ки ҷомеаро бо иттилооти босифати мустақил таъмин мекунанд, ба нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар ва бераҳмӣ рӯшанӣ меандозанд ва шахсони мансабдорро ба ҷавобгарӣ мекашанд, бо тӯҳмат, таҳдид ва ҳамлаҳо, аз ҷумла тавассути маълумоти бардурӯғ рӯбарӯ мешаванд.

Касби хабарнигорон дар Украинаи ҳамлашуда, рӯзноманигорон дар Беларус ва Афғонистон, ВАО-и мустақил дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, рӯзноманигорони маҳаллӣ дар Амрикои Марказӣ, барандагони ҷоизаи Нобел дар Филиппин ва Русия ва бисёре аз мутахассисони дигари ВАО дар саросари ҷаҳон, аз чумла Европа, арзиши гарон доранд.

Занони рӯзноманигор махсусан дар баробари таҳдидҳо ва ҳамлаҳои афзоянда ҳам дар фазои киберфазо ва ҳам дар ҳаёти воқеӣ осебпазиранд. Онҳо бо стигматизатсия, троллинг, зӯроварӣ ва ҳатто кушторҳои гендерӣ рӯбарӯ мешаванд. 73%-и занони рӯзноманигор дар ҷараёни кори худ ба таҳдидҳо, бадрафторӣ ва таъқиби интернетӣ дучор шудаанд. Мо ҳеҷ гоҳ ин қадар рӯзноманигоронро дар зиндон надидаем, ки имрӯз ҳастем.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як ҳимоятгари содиқи озодии баён ҳама гуна таҳдид ва зӯроварӣ алайҳи хабарнигоронро мазаммат мекунад ва коркунони ВАО-ро, ки дар зери хавф мебошанд, тавассути миссияҳои саҳроӣ ва барномаҳои махсус, бахусус платформаи “Бехатарии рӯзноманигорон” дар Балканҳои ғарбӣ, лоиҳаи «Дастгирии ВАО-и мустақил ва озодиҳои бунёдӣ» дар Камбоҷа ва барномаи «Устувори ВАО» дар Афғонистон дастгирӣ мекунад.

Ҳамзамон, Иттиҳоди Аврупо чораҳои дохилиро меандешад: мубориза бо даъвоҳои стратегӣ бар зидди иштироки ҷамъиятӣ (SLAPP), танзими хидматҳои рақамӣ ва бозорҳо ва пешниҳоди қонуни Иттиҳоди Аврупо дар бораи озодии ВАО.

Ҳамзамон, мо иқтидори стратегии худро барои муқовимат ба тақаллуби иттилоот ва дахолати беруна таҳким мебахшем ва ба шаҳрвандони аврупоӣ дар баланд бардоштани устувории онҳо ба маълумоти бардурӯғ, тақаллуб ва таблиғ тавассути ташаббусҳо ба монанди платформаи «Иттиҳоди Аврупо бар зидди маълумоти бардурӯғ» ва «Системаи аврупоӣ оид ба назорати ВАО-и рақамӣ» кӯмак мерасонем.

Ҳимоя ва пешбурди озодии матбуот рисолати умумибашарӣ аст, ки ҳеҷ сарҳадро намедонад. Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро бо ҳукуматҳо, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар форумҳои байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ идома медиҳад, то пешсафро ба ӯҳда гирад ва озодии матбуотро дар саросари ҷаҳон таҳким бахшад.