Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Сафир Терҳи Ҳакала бо сафари хайрбодӣ ба минтақа ташриф меоварад
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Сафир Терҳи Ҳакала дар ҳафтаҳои оянда ба минтақа ташрифҳои хайрбодӣ меоварад. Ин силсилаи боздидҳо барои баррасии ваколати ӯ ва тасдиқи ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупо оиди таҳкими шарикии худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон хоҳад дод.
Сафир Терҳи Ҳакала зимни сафарҳои худ бо шарикон, аз ҷумла бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот хоҳад кард.
Сафир Терҳи Ҳакала аз замони таъйин шуданаш дар моҳи июли соли 2021 ва дар ҷараёни ду ваколати пайдарпай, ки аз ҷониби кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ шуда буд, ба тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ бо ин кишварҳо, ки масъалаҳои марбут ба пайвастшавӣ, амният, энергетика, тағирёбии иқлим, об, волоияти қонун, маориф ва ҳуқуқи инсон бо таваҷҷӯҳ ба занону духтарон ва ва аз қабили онон дар бар мегирифтанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.