Муколамаи 14-уми байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон
Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 14-уми Муколамаи солонаи ҳуқуқи инсонро рӯзи 14 декабр дар Душанбе баргузор карданд.
Ҳар ду ҷониб ба таври ошкоро ва дар рӯҳияи созанда таҳаввулоти вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пас аз мулоқоти охирин (7 декабри соли 2022) баррасӣ карданд. Муколамаи имсола оид ба ҳуқуқи инсон, ки ба мавзӯи таҳкими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шуда буд, пас аз Семинари Ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни Муколама оид ба ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доираи васеи соҳаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии иттиҳодияҳо, озодии баён, муҳити ВАО, озодии дин ва эътиқод, инчунин пешгирии шиканҷа, ҳуқуқи занон ва ғайри табъиз баррасӣ намуданд. Иштирокчиён инчунин дархости Тоҷикистонро оид ба шомилшавӣ ба Системаи умумии имтиёзҳо (GSP+) ва ҳамкориҳоро дар форумҳои бисёрҷониба баррасӣ карданд.
Иттиҳоди Аврупо аз маҳдудиятҳои озодии иштироки сиёсӣ ва озодии баён изҳори нигаронӣ кард, бахусус дар бораи фазои афзояндаи маҳдудшуда барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил. Иттиҳоди Аврупо аз ғайрикифоя будани тафтиши нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми рӯйдодҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар солҳои 2021-2022 пурсида, бори дигар зарурати ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо дарназардошти сохтани эътимод таъкид кард. Иттиҳоди Аврупо як қатор воқеаҳои инфиродии нигарониро матраҳ карда, ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва фаъолони дар зиндон боқӣ мондаро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунад ва нақши муҳими онҳоро ҳамчун рукнҳои муҳими ҳар як демократия таъкид карда, аз фаъолияти онҳо дар Точикистон изҳори дастгирӣ кард. Иттиҳоди Аврупо бори дигар изҳори нигаронии худро аз ҳолатҳои бадрафторӣ ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишвар баён кард ва Тоҷикистонро ба идомаи талошҳои ислоҳоти пенитенсиарӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ташвиқ кард.
Ҷонибҳо ислоҳоти ҷории қонунгузорӣ ва талошҳоро ҷиҳати таҳкими ӯҳдадориҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва зарурати қабули қарорҳои шаффоф ва фарогир дар асоси машваратҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои дахлдорро баррасӣ карданд.
Дар охир ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар форумҳои дахлдори бисёрҷониба, бахусус дар доираи низоми СММ баррасӣ карданд.
Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Фирӯз Орзузода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон раисӣ намуд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷаноби Дитмар Крисслер, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо роҳбарӣ кард. Даври навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2024 дар Брюссел баргузор мешавад.