Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: 11-умин Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар Брюссел баргузор гардид
Даври ёздаҳумин Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон) рӯзи 5 июн дар Брюссел баргузор шуд.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ фурсати хубест барои ҳаллу фасл намудани масъалаҳои сиёсиву амниятӣ, ки барои ҳамагон мояи нигаронист. Иттиҳоди Аврупо омодагии қавии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо бо минтақа, ки бо оқибатҳои таҷовузи низомии Русия алайҳи Украина, таҳаввулоти манфӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин вазъият дар Ховари Миёна то хол дучор шудаистодааст, таъкид кард. Ҳама иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки вазъи кунунии ноороми геополитикӣ ба амният, субот ва рушди иқтисодии ҳарду минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Ба ин муносибат, Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои дастгирии ҳама талошҳое, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар соҳаи амният, бахусус дар соҳаҳои мавзӯӣ, аз қабили идоракунии чолишҳои марбут ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим ва пайвастшавӣ, тасдиқ намуд. Шарикони Осиёи Марказӣ аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо тавассути барномаҳои минтақавӣ дар бахшҳои идоракунии сарҳад, ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир изҳори сипос карданд.
Иштирокчиён табодули афкор ва пешрафти ҳамкориҳои минтақавиро дар як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва идораи марзҳо баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар ин самтҳо тақвият бахшанд. Киберамният ва муқовимат бо таҳдидҳои гибридӣ низ дар мубодилаи афкор таъкид шуданд, ки ширкаткунандагон маълумоти бардурӯғ ва паҳншавии мундариҷаи ифротгароӣ ва радикалиро дар интернет ҳамчун мушкилоти мубрами рӯз муайян карданд.
Иштирокчиён масъалаи омодасозии Ҷаласаи навбатии вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, ки фусати хуб барои баррасии рафти татбиқи «Харитаи роҳ» оид ба амиқгардонии робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар заминаи ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Рӯзҳои 27 октябри соли 2022 ва 2 июни соли 2023 ду вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Шӯрои Аврупо аз минтақа ба минтақа баргузор шуданд. Ғайр аз ин, дар ҷаласаи вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки бо ҳузури 27 вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург рӯзи 23 октябри соли 2023, ҷонибҳо Харитаи муштараки амиқгардонии робитаҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро қабул карданд, ки дар он амалҳои мушаххас барои таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният, пешбинӣ шудааст. Дар ҷаласаи вазирон, ҳарду ҷониб ҳамчунин ӯҳдадор шуданд, ки дар соли 2024 нахустин нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро баргузор кунанд.
Мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва таҳти раёсати ҷаноби Энрике Мора, муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷӣ, баргузор шуд.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ мунтазам баргузор мешавад; Аввалин Муколама соли 2013 дар Брюссел гузаронида шуда буд. Даври навбатӣ соли 2025 баргузор мегардад.