Сафар ва Омӯзиш
Сафар ва Омӯзиш
Ин саҳифа дар бораи сафар ва таҳсил дар Иттиҳоди Аврупо (ИА), инчунин тафсилоти тамос бо сафоратхонаҳои Аврупоро дар сурати ниёз ба маълумоти минбаъда маълумот медиҳад.
On This Page
Раводид
Барои сафар ба Иттиҳоди Аврупо, ду имконоти гирифтани раводид ҳаст:
- Pаводиди Шенген - раводиди кӯтоҳмуддат, ки ба соҳиби он имкон медиҳад, ки дар минтақаи Шенген ҳаракат кунад: Австрия, Белгия, Чехия, Дания, Эстония, Финляндия, Фаронса, Олмон, Юнон, Маҷористон, Италия, Латвия, Литва, Люксембург, Малта, Нидерланд, Лаҳистон, Португалия, Словакия, Словения, Испания, Шветсия ва кишварҳои ғайри Иттиҳоди Аврупо: Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария.
Шумо бояд барои гирифтани раводид ба сафорати кишваре муроҷиат кунед, ки дар он шумо ба минтақаи Шенген ворид мешавед ё вақти бештари худро мегузаронед. Тавсия дода мешавад, то барои кай муроҷиат намудан бо сафорати дахлдор тамос гиред. Эҳтимол аст, барои цабул бояд номнавис шавед.
- Сониян, раводиди миллӣ барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бимонанд ё ташриф оранд. Барои муроҷиат ба раводиди миллӣ, шумо бояд ба сафорати кишваре ташриф оваред, ки дар он истиқомат кардан мехоҳед. Раводиди миллӣ танҳо ба ин давлати ИА дастрасӣ фароҳам меорад ва метавонад ягона ва ё чандкарата бошад. Барои маълумоти охирин, лутфан дастурҳои сомонаи кишвари сафарро омӯзед.
Сафоратҳо
Сафоратҳои мамолик-узвҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон танҳо як сафорати узви ИА раводид содир мекунанд, ин сафорати Олмон аст, ки барои чанд давлатҳои дигари ИА низ раводид медиҳад. Дар зер шумо метавонед рӯйхати ҳамаи давлатҳои узви ИА ва наздиктарин сафоратхонаҳо ва сомонаҳои онҳоро дарёфт кунед.
Барои раводид ба Австрия, Белгия, Финлядия, Фаронса, Юнон, Италия, Люксембург, Нидерланд, Португалия, Испания ва Шветсия – ба Олмон нигаред.
Болгария (ба минтақаи |
Хорватия (ба минтақаи |
Кипр (ба минтақаи |
Чехия |
Дания |
Эстония |
Олмон |
Маҷористон |
Ирландия (ба минтақаи |
Латвия |
Литва |
Малта |
Лаҳистон |
Руминия (ба минтақаи |
Словакия |
Словения |
Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Университатштрассе 8/1°, |
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гулгашти Генерал Жак, 16 |
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса 14 avenue d'Eylau Париж, 75016 Телефон:+33 (0) 170 92 93 42 Факс +33 (0) 177 72 64 99 Нишонаи электронӣ: [email protected] Сомона: http://www.tajembfrance.fr |
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Перлебергерштрассе 43, 10559 Берлин, Олмон Телефон: +49-30-347-9300 Факс: +49-30-347-93029, +49-30-347-93018 Нишонаи электронӣ: [email protected] Сомона: http://www.botschaft-tadschikistan.de |
Барономаи ЭрасмусПлюс
ЭРАСМУС+ ЧИСТ?
"Эрасмус+" ин барномаи Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш барои солҳои 2014-2020 мебошад. Он аз таҷрибаи барномаҳои қаблии Аврупо, ки дар муддати беш аз 25 сол дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон чи дар худи Аврупо ва чи дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ мешуданд, истифода мебарад. Ҳоло "Эрасмус+" чанд барномаҳои зеринро, ки аз тарафи Комиссияи Аврупо дар солҳои 2007-2013 амалӣ мешуданд, дарбар мегирад:
- "Барномаи таълими якумрӣ",
- "Ҷавонон дар барномаи амалиётӣ".
- Барномаи "Эрасмус Мундус".
- "Темпус".
- "Алфа".
- "Эдулинк".
- Барномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои саноатӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ. Барномаҳои мазкур ба дастгирии соҳаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсилоту омўзиши касбӣ, маорифи мактабӣ, таълими калонсолону ҷавонон (аз ҷумла дар самти байналмилалӣ) равона шуда буданд.
ХУСУСИЯТҲОИ МУҲИМИ БАРНОМАИ "ЭРАСМУС+"
- Эътироф ва бакорбарии малака ва ихтисос.
- Интишор ва истифодабарии натиҷаҳои лоиҳаҳои таҳсилотӣ.
- Дастрасии озод ба маводҳои таълимӣ, ҳуҷҷату воситаҳое, ки аз тарафи "Эрасмус+" омода шуданд.
- Ҳамкориҳои байналмилалӣ.
- Бисёрзабонӣ.
"Эрасмус+" ҳамкорӣ ва табодули дониш байни соҳаҳои гуногуни маориф, омӯзиш ва ҷавононро ривоҷу равнақ дода, маҳдудиятҳои сунъиро, ки миёни барномаҳою лоиҳаҳои мухталиф ҷой доштанд, бартараф мекунад. Инчунин, ин барнома фикрҳои ҷадидро парварида, корфармоёни нав ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба фаъолияти худ ҷалб намуда, шаклҳои нави ҳамкориҳо пешниҳод мекунад ва сипас барномаҳои пештараро боз ҳам беҳтар хоҳад гардонд. "Эрасмус+" ба як асбоби пурсамаре, ки ҷиҳати ҳалли ниёзҳои воқеӣ дар роҳи рушди сармояи инсонӣ ва инкишофи иқтидори иҷтимоӣ дар Аврупо ва берун аз он равона аст, мубаддал хоҳад гашт.
"Эрасмус+" барои доираи васеи фаъолияту лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш грантҳоро пешниҳод хоҳад кард. Ин барнома ба донишҷӯён, таҳсилкунандагон, кормандон ва ихтиёриён имконият медиҳад, ки онҳо ба хориҷа рафта, маҳорату малакаи худро баланд созанд ва соҳиби кор шаванд. Ҳамчунин, барнома ташкилотҳоро ба шарикии байнамилалӣ даъват намуда, ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон мусоидат мекунад. Самти нави барнома ин дастгирии лоиҳаҳои варзишӣ мебошад, агар онҳо ба ҳалли мушкилоти фаромарзӣ ба монанди мубориза алайҳи бозиҳои сохта, истифодабарии допинг, зӯроварӣ ва нажодпарастӣ равона шуда бошанд.