This isn't an official website of the European Union

Ин саҳифа дар бораи сафар ва таҳсил дар Иттиҳоди Аврупо (ИА), инчунин тафсилоти тамос бо сафоратхонаҳои Аврупоро дар сурати ниёз ба маълумоти минбаъда маълумот медиҳад.  

Раводид

Барои сафар ба Иттиҳоди Аврупо, ду имконоти гирифтани раводид ҳаст: 

  • Pаводиди Шенген - раводиди кӯтоҳмуддат, ки ба соҳиби он имкон медиҳад, ки дар минтақаи Шенген ҳаракат кунад: Австрия, Белгия, Чехия, Дания, Эстония, Финляндия, Фаронса, Олмон, Юнон, Маҷористон, Италия, Латвия, Литва, Люксембург, Малта, Нидерланд, Лаҳистон, Португалия, Словакия, Словения, Испания, Шветсия ва кишварҳои ғайри Иттиҳоди Аврупо: Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария. 

Шумо бояд барои гирифтани раводид ба сафорати кишваре муроҷиат кунед, ки дар он шумо ба минтақаи Шенген ворид мешавед ё вақти бештари худро мегузаронед. Тавсия дода мешавад, то барои кай муроҷиат намудан бо сафорати дахлдор тамос гиред. Эҳтимол аст, барои цабул бояд номнавис шавед. 

  • Сониян, раводиди миллӣ барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бимонанд ё ташриф оранд. Барои муроҷиат ба раводиди миллӣ, шумо бояд ба сафорати кишваре ташриф оваред, ки дар он истиқомат кардан мехоҳед. Раводиди миллӣ танҳо ба ин давлати ИА дастрасӣ фароҳам меорад ва метавонад ягона ва ё чандкарата бошад. Барои маълумоти охирин, лутфан дастурҳои сомонаи кишвари сафарро омӯзед. 

Сафоратҳо

Сафоратҳои мамолик-узвҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон танҳо як сафорати узви ИА раводид содир мекунанд, ин сафорати Олмон аст, ки барои чанд давлатҳои дигари ИА низ раводид медиҳад. Дар зер шумо метавонед рӯйхати ҳамаи давлатҳои узви ИА ва наздиктарин сафоратхонаҳо ва сомонаҳои онҳоро дарёфт кунед. 

Барои раводид ба Австрия, Белгия, Финлядия, Фаронса, Юнон, Италия, Люксембург, Нидерланд, Португалия, Испания ва Шветсия – ба Олмон нигаред. 

Болгария (ба минтақаи 
Шенген иҷозат нест!) 

Сафорат дар Афғонистон 

Сафорат дар Қазоқистон 

Сафорат дар Ӯзбекистон 

Хорватия (ба минтақаи 
Шенген иҷозат нест!) 

Сафорат дар Хитой 

Сафорат дар Русия  

Кипр (ба минтақаи 
Шенген иҷозат нест!) 

Сафорат дар Русия 

Консулгарӣ дар Қирғизистон 

Консулгарӣ дар Ӯзбекистон

Чехия 

Сафорат дар Қазоқистон 

Сафорат дар Ӯзбекистон  

Консулгарӣ дар Қирғизистон 

Дания 

Сафорат дар Русия 

Эстония 

Сафорат дар Қазоқистон

Олмон 

Сафорат дар Тоҷикистон

Маҷористон 

Сафорат дар Қазоқистон 

Консулгарӣ дар Алмаато

Ирландия (ба минтақаи 
Шенген иҷозат нест!) 

Сафорат дар Русия 

Латвия 

Сафорат дар Қазоқистон

Литва 

Сафорат дар Қазоқистон

Малта 

Сафорат дар Русия

Лаҳистон 

Сафорат дар Қазоқистон 

Сафорат дар Ӯзбекистон

Руминия (ба минтақаи 
Шенген иҷозат нест!) 

Сафорат дар Қазоқистон 

Сафорат дар Ӯзбекистон

Словакия 

Сафорат дар Қазоқистон 

Сафорат дар Ӯзбекистон

Словения 

Сафорат дар Русия 

Консулгарӣ дар Ӯзбекистон

Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия

 Университатштрассе 8/1°, 
1090 Вена, Австрия 
Телефон: (+43-1) 409-82-66 
Факс: (+43-1) 409-82-66-14,
409-82-66-21  
Нишонаи электронӣ: [email protected]  
Сомона: http://www.tajikembassy.at  
Хадамоти консулӣ  
Нишонаи электронӣ: [email protected]

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Шоҳигарии Белгия, Нидерланд,
Люксембург, намояндагӣ дар Иттиҳоди Аврупо, НАТО, ЮНЕСКО 

Гулгашти Генерал Жак, 16 
1050 Брюссел, Белгия 
Телефон: 00 32 (0)2 640-69-33 
Факс: 00 32 (0)2 649-01-95 
Нишонаи электронӣ: [email protected]  
Сомона: http://www.tajikembassy.be 
Хадамоти консулӣ 
Нишонаи электронӣ: [email protected]

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса   
14 avenue d'Eylau 
Париж, 75016  
Телефон:+33 (0) 170 92 93 42 
Факс +33 (0) 177 72 64 99 
Нишонаи электронӣ: [email protected]   
Сомона: http://www.tajembfrance.fr
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон 
Перлебергерштрассе 43, 
10559 Берлин, Олмон 
Телефон: +49-30-347-9300 
Факс: +49-30-347-93029, +49-30-347-93018 
Нишонаи электронӣ: [email protected]   
Сомона: http://www.botschaft-tadschikistan.de

  • Image
    Students of Erasmus+

    Ҷавонони тоҷик дар рафти маъракаи аз тарафи Иттиҳоди Аврупо гузаронидашуда дар шаҳри Душанбе. 

    Copyright: Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ

Барономаи ЭрасмусПлюс

ЭРАСМУС+ ЧИСТ?

"Эрасмус+" ин барномаи Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш барои солҳои 2014-2020 мебошад. Он аз таҷрибаи барномаҳои қаблии Аврупо, ки дар муддати беш аз 25 сол дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон чи дар худи Аврупо ва чи дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ мешуданд,  истифода мебарад. Ҳоло "Эрасмус+" чанд барномаҳои зеринро, ки аз тарафи Комиссияи Аврупо дар солҳои 2007-2013 амалӣ мешуданд, дарбар мегирад: 

  • "Барномаи таълими якумрӣ",
  • "Ҷавонон дар барномаи амалиётӣ". 
  • Барномаи "Эрасмус Мундус". 
  • "Темпус". 
  • "Алфа". 
  • "Эдулинк". 
  • Барномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои саноатӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ. Барномаҳои мазкур ба дастгирии соҳаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсилоту омўзиши касбӣ, маорифи мактабӣ, таълими калонсолону ҷавонон (аз ҷумла дар самти байналмилалӣ) равона шуда буданд. 

ХУСУСИЯТҲОИ МУҲИМИ БАРНОМАИ "ЭРАСМУС+" 

  • Эътироф ва бакорбарии малака ва ихтисос. 
  • Интишор ва истифодабарии натиҷаҳои лоиҳаҳои таҳсилотӣ. 
  • Дастрасии озод ба маводҳои таълимӣ, ҳуҷҷату воситаҳое, ки аз тарафи "Эрасмус+" омода шуданд. 
  • Ҳамкориҳои байналмилалӣ.
  • Бисёрзабонӣ.

"Эрасмус+" ҳамкорӣ ва табодули дониш байни соҳаҳои гуногуни маориф, омӯзиш ва ҷавононро ривоҷу равнақ дода, маҳдудиятҳои сунъиро, ки миёни барномаҳою лоиҳаҳои мухталиф ҷой доштанд, бартараф мекунад. Инчунин, ин  барнома фикрҳои ҷадидро парварида, корфармоёни нав ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба фаъолияти худ ҷалб намуда, шаклҳои нави ҳамкориҳо пешниҳод мекунад ва сипас барномаҳои пештараро боз ҳам беҳтар хоҳад гардонд. "Эрасмус+" ба як асбоби пурсамаре, ки ҷиҳати ҳалли ниёзҳои воқеӣ дар роҳи рушди сармояи инсонӣ ва инкишофи иқтидори иҷтимоӣ дар Аврупо ва берун аз он равона аст, мубаддал хоҳад гашт. 

"Эрасмус+" барои доираи васеи фаъолияту лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш грантҳоро пешниҳод хоҳад кард. Ин барнома ба донишҷӯён, таҳсилкунандагон, кормандон ва ихтиёриён имконият медиҳад, ки онҳо ба хориҷа рафта, маҳорату малакаи худро баланд созанд ва соҳиби кор шаванд. Ҳамчунин, барнома ташкилотҳоро ба шарикии байнамилалӣ даъват намуда, ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон мусоидат мекунад. Самти нави барнома ин дастгирии лоиҳаҳои варзишӣ мебошад, агар онҳо ба ҳалли мушкилоти фаромарзӣ ба монанди мубориза алайҳи бозиҳои сохта, истифодабарии допинг, зӯроварӣ ва нажодпарастӣ равона шуда бошанд.