This isn't an official website of the European Union

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунанд. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад ва барои баланд бардоштани стандартҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кор мебарад. 

  • Image
    Flags of the EU and Tajikistan

    Парчамҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Copyright: ИА

Равобити сиёсӣ

Равобити сиёсии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар асоси Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории дуҷониба, ки соли 2010 қабул гардид, ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ “Имкониятҳои нави шарикии қавитар”, ки соли 2019 қабул шудааст, ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади ба сатҳи нав гузаронидани муносибатҳои худ, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар аввали соли 2023 музокираҳоро оид ба Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) оғоз намуданд.

Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, сафир Терхи Ҳакала пайваста аз Тоҷикистон боздид мекунад. Зимни сафарҳои худ ӯ бо доираи васеи ҳамсӯҳбатон мулоқот мекунад, ва нақши Тоҷикистон дар заминаи минтақавӣ, таҳаввулот дар бахшҳои рӯзномаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин рӯзномаи ислоҳотҳои Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.

Ҳуҷҷатҳои стратегӣ

Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ аз 1 январи соли 2010 пас аз тасвиб аз ҷониби ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эътибор пайдо намуд. Созишнома ба густариши равобити тарафайн ва баланд бардоштани аҳамияти симоии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, муайян кардани параметрҳои густариши муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва пешбурди тиҷорат ва сармоягузории дуҷониба мусоидат мекунад.

Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба созмон додани шарикии мустаҳкамтар ва муосиртар, бидуни маҳдудиятҳои аъзо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст, то минтақа ҳамчун фазои босубот, устувортар, шукуфон ва ба ҳам наздики иқтисодӣ ва сиёсӣ рушд кунад.

Шӯрои Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо як платформаи ҳамасола барои баргузории табодули сатҳи баланд барои баррасии вазъи муносибатҳои дуҷониба, баррасии таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ 26 июни соли 2023 дар Люксембург баргузор гардид.

Наздиктар ба мардуми Тоҷикистон

Бо мақсади наздиктар гардонидани Иттиҳоди Аврупо ба мардуми Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ҳамасола Ҳафтаи Аврупоро ташкил мекунад. Ин имконияти муаррифӣ намудани фарҳанги Аврупо ба Тоҷикистон ва пешниҳоди маълумот оиди фаъолияти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ғайр аз ин, бисёре аз донишҷӯёни тоҷик аллакай ба таҳсил тавассути барномаи Erasmus Plus муваффақ гаштанд, ки ин ба онҳо барои таҳсил кардан дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкон фароҳам меоварад.

Муносибатҳои иқтисодӣ ва равобити савдо

Муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки октябри соли 2004 имзо шуда, 1 январи 2010 эътибор пайдо намуд, ба танзим дароварда мешаванд.  

Созишномаи мазкур шартномаи ғайриманфиатиро пешбинӣ мекунад, ки мувофиқи он тарафҳо ба ҳамдигар дар шароити тарифҳои гумрукӣ тартиби мусоидтарини миллиро (MFN) фароҳам меоваранд, дар тиҷорати дуҷониба маҳдудиятҳои миқдорӣ манъ карда мешаванд. 

Ғайр аз ин, Созишнома тадриҷан ба ҳам наздик шудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи кишвар бо муҳимтарин стандартҳои тиҷорати Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла регламенти техникӣ, талаботи санитарию фитосанитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва масъалаҳои гумрукро пешбинӣ мекунад. Ҳамаи ин дар амал бояд боиси афзоиши дастрасии молҳои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо гардад. 

Низоми имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо

Инчунин Тоҷикистон иштирокчии Низоми умумишудаи имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки он як механизми савдои дуҷонибае аст, ки тавассути он Иттиҳоди Аврупо барои водироти молҳои истеҳсоли баъзе минтақаҳо ва кишварҳои тараққикардаистода ба бозори Иттиҳоди Аврупо тариқи боҷи арзон шароити мусоидро муҳайё мекунад. Имтиёзҳо барои воридоти молҳои Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо асосан ба ду соҳа, яъне маҳсулоти саноат чун фулузоти ранга ва маснуоти бофандагӣ, бахшида шуданд. 

Тоҷикистон хурдтарин шарики тиҷории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар соли 2023, Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 326 миллион евро содир ва 174 миллион евро (асосан металл, маҳсулоти бофандагӣ ва минералӣ) ворид намуд. 

Тоҷикистон соли 2013 ба Созмони ҷаҳонии савдо шомил шуд, аммо аз ин ҷиҳати гардиши савдо то ҳол аз он ба таври назаррас баҳра нагирифтааст. Тоҷикистон чанде пеш барои шомил шудан ба Механизми махсуси мусоидат ба рушди устувор ва идоракунии самаранок (GSP +) ӯҳдадор шуд. GSP + метавонад ҳамчун як аломати мусбати сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ ва муҳити тиҷоратӣ оиди ӯҳдадориҳои ҳукумат тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва мониторинги давомдори шаффоф хидмат кунад.

Қарзҳо ва сармоягузорӣ

Иттиҳоди Аврупо якчанд барномаҳои қарзӣ ва сармоягузориро таҳия намудааст, ки дар гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо баҳравар гардида буд. Тоҷикистон аввалин қарзи худро аз Бонки Сармоягузории Аврупо соли 2011 гирифта буд ва худи ҳамон сол Иттиҳоди Аврупо  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаро оиди Маблағгузорӣ барои Барномаи дастгирии рушди захираҳои инсонӣ марбут ба соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатӣ ба имзо расонданд.

Муҳокимаҳои сатҳи баланд 

Мавзӯи муносибатҳои иқтисодӣ аксар вақт дар рӯзномаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон қарор дорад, ки он ҳамасола муҳокимаҳои сатҳи баланд дар сатҳи Вазирони корҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Муҳокимаҳои мазкур аҳамияти ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши назаррасро дар савдои дуҷониба, ки Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди он гаштаанд, таъкид менамоянд.  

Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон нақша дорад ҷаласаи ёздаҳуми худро аваали соли 2025 баргузор намояд.  

  • Image
    Market in Tajikistan

    Иттиҳоди Аврупо конфронси минтақавии Осиёи Марказиро оид ба нишондодҳои ҷуғрофӣ (GI) дар Душанбе апрели 2019 мизбонӣ намуд. 

    Copyright: ИА

Ҳуқуқи инсон

Муколамаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ва мусоидат ба таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи бисёрҷониба, ба монанди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Миллали Муттаҳид, замина пешниҳод менамояд. Мансабдорон аз Иттиҳоди Аврупо бо шарикони худ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқҳои инсон вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Муколама оид ба ҳуқуқҳои инсон ҷаласаи сатҳи баланд ба шумор меравад. Муколамаи аввалин 31 октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон чордаҳумин Муколамаи солонаи ҳуқуқи инсонро 14 декабри соли 2023 баргузор карданд. Муколама имкон дод, ки табодули ошкоро ва созанда оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, хушунати гендерӣ ва табъиз сурат гирад. Таваҷҷуҳи махсус ба озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот ҳам тариқи бурунхат (офлайн) ва ҳам бархат (онлайн) дода шуд.

Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро дар таъмини мутобиқати комил ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунад. Муколамаи мунтазам оид ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷонибаи мо мебошад. Пешрафт дар мавриди эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар робита ба музокироти Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.

Барномаи мавзӯӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва демократия

Барнома оид ба ҳуқуқи инсон ва демократия як воситаи асосии Иттиҳоди Аврупо барои пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, демократия ва волоияти қонун дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо бахусус ба мусоидат ба озодии ВАО, таҳкими нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешбурди баробарии гендерӣ, дастгирии ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин барнома ҳамасола ҳудуди 800 000 евро дарёфт мекунад.

Ҳамоҳангсози ҳуқуқи инсон дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо

Намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои мушаххаси ҳуқуқи инсон ва демократия, омода кардани муколамаҳои ҳуқуқи башар, ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афзалияти кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ доранд.

Оид ба ҳама гуна масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шумо метавонед бо суроғаи зерин тамос гиред: [email protected].

  • Image
    Cooking event of the EU Delegation

    Ризоттои аз биринҷи тоҷикӣ пухташуда дар рафти конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба нишондодҳои ҷуғрофӣ (GI), ки Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе апрели 2019 мизбонӣ намуд. 

    Copyright: ИА

Муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар омодасозии Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки саҳнаи асосии сиёсӣ барои баррасии масъалаҳои ҳуқуқи инсон бо мақомотҳои Тоҷикистон мебошад, фаъолона иштирок мекунад.

Барномаи мавзӯӣ барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ як воситаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ҳадафи он таҳкими СҶШ ҳамчун субъектҳои мустақили идоракунии хуб ва рушди мустақилона мебошад. Лоиҳаҳо дар доираи ин барнома асосан ба иштироки фарогири СҶШ дар муколама ва таҳкими иқтидори шарикони СҶШ нигаронида шудаанд. Тоҷикистон дар доираи барномаи мавзӯии СҶШ ҳар сол ҳудуди 950 000 евро дарёфт мекунад.

Семинарҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавзӯъҳои муҳими ҳуқуқи башарро бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар як сол як маротиба семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил мекунад, ва ҳар дафъа мавзӯи гуногунро муҳокима мекунад.

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ

Моҳи марти соли 2024 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон эълони навро барои иштирок дар доираи пешбарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нашр кард.

Аз довталабон дархост шуда буд, ки ба маблағгузории Иттиҳоди Аврупо барои лоиҳаҳо дар се самти афзалиятнок пешниҳодҳои худро ирсол намуданд:

  1. Дастгирии озодии ВАО, дастрасӣ ба иттилоот ва мубориза бо маълумоти бардурӯғ, инчунин дар назардошти технологияҳои нав ва ҳуқуқҳои рақамӣ;
  2. Мусоидат ба тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳомиёни ҳуқуқи инсон
  3. Мусоидат ба решакан кардани шиканҷа, мубориза бо беҷазоӣ ва дастгирии ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ;

Иттиҳоди Аврупо дар ин даъват барои пешниҳодҳо маблағи умумии €1 855 000 ҷудо кардааст. Довталабон метавонистанд, ки аз 300 000 то 400 000 евро грант дархост кунанд.

Ҳамкории техникӣ ва барои рушд

Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар масъалаҳои рушд аз соли 1991 идома дорад. Фаъолияти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо то имрӯз доираи васеи соҳаҳоро, аз ҷумла волоияти қонун, идоракунии хуб, ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, об, энергетика ва рушди деҳотро фаро гирифтааст.

Фаъолияти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ба дастгирии рушди устувори инсонӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, аз ин рӯ, ба суботи минтақавӣ ва густариши робитаҳои дохилиминтақавӣ мусоидат мекунад. Иттиҳоди Аврупо ба дастгирии ислоҳот дар бахшҳои муҳими рушди миллӣ, аз қабили энергетика ва об, ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони мо, аз ҷумла СБМ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, БОР ва БАТР, таваҷҷуҳи қавӣ мегузорад.

Иттиҳоди Аврупо авлавиятҳои ҳамкории миёнамӯҳлат ва дарозмуддати байналмилалии худро дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва мавзӯӣ тавассути Барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ (MIP), ки давраи ҳафтсоларо дар бар мегиранд, муайян мекунад. Ин барномаҳо якҷоя бо ҳукумати кишвари шарик барои таъмини ҳамоҳангӣ бо стратегияҳои дахлдори рушди миллӣ омода шудаанд. MIP инчунин бо шарикони рушд барои таъмини мукаммалият ҳамоҳанг карда мешавад.

 

Ҳамкории дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Тибқи созишномаи қаблии Барномаи бисёрсолаи индикатиии дуҷониба барои Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Иттиҳоди Аврупо асосан барои дастгирии бахшҳои рушди деҳот, маориф ва тандурустии кишвар 251 миллион евро ҷудо кардааст. Таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ба рушди деҳот ва саломатӣ дар ин давра махсусан қавӣ буд.

Дар масъалаи рушди деҳот, Иттиҳоди Аврупо дар чунин соҳаҳо, аз қабили истеҳсолоти кишоварзӣ, рушди занҷири арзиш, идоракунии захираҳои табиӣ ва истифодаи самаранок ва устувори об дастгирии назаррас мерасонад.

Дар соҳаи тандурустӣ – дар доираи Барномаи Рушди Тандурустӣ (HDP) – Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таъмини об, санитария ва гигиена (WASH) ва инфрасохтори идоракунии партовҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байни субъектҳои бахш доираи васеи дастгирӣ мерасонад.

Бар асоси талошҳои қаблӣ, Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 91 миллион евро ҷудо карда, ба се самти афзалиятнок тамаркуз кардааст:

  1. Иқтисоди фарогири сабз ва рақамӣ
  2. Рушди инсон
  3. Идоракунии захираҳои табиӣ, самаранокӣ ва устуворӣ

Дар доираи бастаи 91 миллион евро, Иттиҳоди Аврупо як қатор амалҳои асосиро тасдиқ кард, аз ҷумла:

  • Барномаи дастгирии буҷетӣ ба маблағи 30 миллион евро барои дастгирии Таҳсилот ва таълими техникӣ ва касбӣ (ТТТК) ва Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД);
  • Барномаи Дастгирии энергияи устувор ба маблағи 15 миллион евро, ки як бастаи калони кӯмаки техникӣ ба маблағи 10 миллион барои дастгирии ислоҳоти ҷории бахши энергетика таъмин мекунад;
  • Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳот ба маблағи 14 миллион евро бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии талошҳои ислоҳоти бахши об дар кишвар, аз ҷумла тавассути беҳбуди иқтидори институтсионалӣ ва таъмини инфрасохтор барои беҳбуди таъмини оби ошомиданӣ дар деҳот.

Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи дастгирии бахши пахтакорӣ дар кишвар омода мекунад, бахусус барои пешбурди занҷирҳои устувори арзиши пахта.

Маблағҳои иловагӣ барои давраи боқимондаи Барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2025-2027 ҷудо карда мешаванд.

Ҳамкории минтақавӣ ва мавзӯӣ

Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи минтақавӣ бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул шудааст, ҳамкорӣ мекунад. Тоҷикистон аз беш аз 40 барномаи минтақавӣ (тақрибан 450 миллион евро) дар бахшҳои рушди иқтисодӣ, идоракунии сарҳад, тиҷорат, энергетика, амнияти ҳастаӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, муҳити зист, тағирёбии иқлим ва устувории об баҳра мебарад. Тоҷикистон баҳрабардори ду ташаббуси нав оғозшудаи Team Europe (TEI) дар доираи MIP-и нави минтақавӣ мебошад.

Ташаббусҳои Team Europe мутаносибан ба (i) об, энергетика ва иқлим ва (ii) пайвасти рақамӣ тамаркуз мекунад – ду самти муҳим барои Осиёи Марказӣ – ва дар он ҷо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он ба шарофати таҷрибаи ғании ҳамкориҳои худ дар соҳаи минтақавии об ва стандартҳои баланди техникӣ дар бахшҳои калидӣ барои пайвастшавӣ ба монанди энергетика ва рақамикунинонӣ арзиши иловагиро таъмин карда метавонанд.

Тоҷикистон инчунин аз дастгирии мавзӯӣ тавассути Санади Аврупо оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон, ташаббусҳои глобалӣ ба монанди Ташаббуси Spotlight, Шарикии глобалӣ барои маориф, Санади ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии ҳастаӣ ва ғайра баҳра мебарад.

  • Image
    Men of Tajikistan in a farmland

    Деҳқони тоҷик бо ҳосили бои картошка.

    Copyright: Иттиҳоди Аврупо ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ

  • Image
    Shahrinav Rural Healthcare Centre

    Shahrinav - Rural Health Care centre in Tajikistan. Over 8000 inhabitants now have access to health care.

  • Image
    Natural disaster assistance

    Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо оид ба офатҳои табиӣ.

    Copyright: Иттиҳоди Аврупо, Шӯъбаи кӯмаки башардӯстонаи Комиссияи Аврупо

Кӯмаки башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ

Эҳтиёҷот чӣ қадар аст?

Тоҷикистон дар муқобили офатҳои гуногуни табиӣ ва такроршаванда ба монанди сел, ярч, мавҷҳои сард ва зилзила осебпазир аст. Солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво аз сабаби тағйирёбии иқлим таъсири бади худро расонида истодааст. Обхезиҳо мураттаб ба вуқӯъ омада, ба баъзе ҷамоатҳо метавонанд хеле фалокатовар бошанд.  

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи майи ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 100,000 евро ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. 

Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба Ковид-19

Иттиҳоди Аврупо мардуми тоҷикро бо як саҳми 48 миллион евро дар доираи бастаи Team Europe, ки 11 апрел қабул шудааст, дастгирӣ мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар доираи маҷмӯи дастгирии ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи рушд барои кӯмак ба Тоҷикистон дар ҷавоб ба таҳдиди коронавирус ва қонеъ кардани талаботу ниёз дар соҳаи тандурустӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо дарназардошти баланд сохтани сатҳи зиндагӣ 112,2 миллион евро фароҳам овардааст. 

Маҷмӯа аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди тандурустӣ (52,2 миллион евро), Барномаи дастгирии таълими босифат II (50 миллион евро) ва Дастгирии ислоҳоти сабти асноди шаҳрвандӣ (10 миллион евро). Ду барномаи аввал унсурҳоеро дар бар мегиранд (ҳамагӣ 46,2 миллион евро), ки мустақиман вокуниши фавқулоддаро ба пандемия дастгирӣ мекунанд ва инчунин талошҳоро барои кам кардани таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тақвият медиҳанд. 

Бонки сармоягузории Аврупо (БСА/EIB) барои посух додан ба бӯҳрон 20 миллион евро қарз дод (дар савияи машварат ва тасдиқ аст). Вокуниши фавқулодаи EIB омезиши истифодаи босуръати хатҳои қарзии имзошуда ва омода кардани қарзҳои нав барои дастгирии таҷдиди соҳаи тандурустӣ ва тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон мебошад.

  • Image
    EU response against covid-19

    Иттиҳодияи Аврупо ба сокинони Тоҷикистон дар муқовимат бо таҳдиди коронавирус кумак мекунад. 

    Copyright: Иттиҳоди Аврупо-ЮНИСЕФ-ФБСС 

Global Gateway

Gateway Global - стратегияи аврупоӣ барои таҳкими робитаҳои оқилона, тоза ва бехатар дар бахшҳои рақамӣ, энергетика ва нақлиёт ва таҳкими системаҳои тандурустӣ, маориф ва тадқиқот дар саросари ҷаҳон мебошад. Тавассути равиши  Тими Аврупо (Team Europe), платформаи Gateway Global Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви он ва муассисаҳои молиявӣ ва рушди онҳоро барои сафарбар кардани бахши хусусӣ барои ҷалби сармоягузорӣ, ки рушди устуворро ба вуҷуд меорад, муттаҳид мекунад.

Байни солҳои 2021 ва 2027, Тими Аврупо то 300 миллиард евро сармоягузориро барои лоиҳаҳои устувор, табдилдиҳанда ва баландсифат бо дарназардошти ниёзҳои кишварҳои шарик ва расонидани манфиатҳои дарозмуддат ба ҷомеаҳои маҳаллӣ сафарбар мекунад. Ин ба шарикони Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки ҷомеаҳо ва иқтисодҳои устувор ва устувор бунёд кунанд ва барои бахши хусусии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо имконият фароҳам оранд, то сармоягузорӣ кунанд ва рақобатпазир боқӣ монанд, дар ҳоле ки стандартҳои баландтарини муҳити зист ва меҳнат ва идоракунии оқилонаи молиявиро таъмин намоянд.

Маълумоти бештар оиди Global Gateway

Пешниҳоди Global Gateway дар Тоҷикистон

Дар сатҳи кишвар дар Тоҷикистон стратегияи Global Gateway ба шарикии стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва ашёи хом тамаркуз мекунад.

Дар миқёси васеътари минтақавӣ, Global Gateway кӯшишҳои худро берун аз ашёи хоми муҳим барои фаро гирифтани соҳаҳои муҳим, аз қабили алоқаи моҳвораӣ ва нақлиёт, мусоидат ба рушди устувор ва фарогир дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Муғулистон тавсеа медиҳад.

Бо пайваст кардани қитъаҳо ва ҷамоатҳо, Gateway Global ҷаҳони устувор, сабз ва пайвастро ташаккул медиҳад.

Маълумоти бештар оиди ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон.