Дар бораи мо
Мо кӣ ҳастем
Намояндагии ИттиҳодиНамояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе соли 2003 таъсис ёфта, моҳи маи соли 2004 расман ба ҳайси намояндагии дипломатӣ ваколат пайдо намуд. Қаблан Намояндагӣ таҳти раёсати Сардори Намояндагии муқими Қазоқистон, ва Ваколатдори муваққатӣ дар Душанбе фаъолият мебурд.
Аз якуми декабри соли 2009 бо эътибор пайдо намудани Шартномаи Лиссабон Намояндагии Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, бо ташрифи Сардори Намояндагии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 мукаммал гардид.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақш ва вазифаҳои Намояндагӣ
Намояндагии Итиҳоди Аврупо:
- Иттиҳоди Аврупоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ менамояд.
- Фаъолияти хешро аз рӯи масоили равобити дутарафа дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва савдо, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи фароҳам овардани кӯмаки беруна (-и молиявӣ ва машваратӣ), аз ҷумла дар татбиқи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ месозад.
- Аз рӯи масоили сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар чорчӯбаи Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ фаъолият мебарад.
- Арзишҳо ва манфиатҳои Иттиҳоди Аврупоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва ҳимоя месозад.
- Ба вусъати ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ (дар Осиёи Марказӣ) кӯмак мерасонад, яъне идораи барномаҳои миллӣ ва минтақавии ғайримарказонидашударо ба ӯҳда дорад.
- Ба ҳамоҳангсозии амалиёти ҳамҷоягӣ бо сафоратҳои мамлакат-узвҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, аз рӯи масоили дар салоҳияти Иттиҳоди Аврупо буда, алахусус дар соҳаи савдо ва фароҳам овардани кӯмаки беруна.