Дар бораи мо
Дар бораи Сафир
Раймундас Кароблис, Сардори Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
Марҳамат ба сомонаи нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон – 30 соли ҳамкорӣ!
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо як марҳилаи муҳимро қайд мекунанд - 30-умин солгарди ҳамкориҳо.
Давраи гузашта пур аз муваффақият ва ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун буда, барои густариши равобити дуҷониба ва кӯмакҳои ИА ба Тоҷикистон пояи устувор гузошт. Тибқи стратегияи ИА нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шарики муҳим ва боэътимоди ИА боқӣ хоҳад монд.
Барномаи ҳамкориҳои сиёсӣ бо Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо, ки бо роҳи гуфтугӯ тавассути Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар ин замони мураккаб амалӣ мегардад, рамзу маънои хос дорад.
Мақсади сомона – огоҳонидан аз ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИА, аз ҷумла гуфтугӯиҳои сиёсӣ дар атрофи рӯйдодҳои муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ ва беруни он, густариши ҳамкориҳо тариқи амалисозии лоиҳаҳои сершумор, ки ба пуштибонии бахшҳои тандурустӣ, маориф, равобити тиҷоратӣ ва умуман рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон равона шудаанд.
Ғайр аз ин, сомонаи мо маркази иттилоотиест, ки аз натиҷаҳои тендерҳо, эълонҳои озмун ва ҷойҳои кори нав маълумот мегиред.
Умедворам, ки шумо ҳар рӯз аз хондани маводи сомонаи мо ҳаловат бурда, аз тавсеаи робитаҳои ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар мегардед.
Миннатдории хешро барои ташрифи Шумо ба ин сомона баён менамоям.