This isn't an official website of the European Union

Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Оғохон рафти иҷрои Барномаи рушди деҳот, лоиҳаи INVEST дар водии Зарафшонро баррасӣ карданд

    Дар Хуҷанд Кумитаи солонаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» (INVEST), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид. Ҷаласаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин шарикони Барномаи Рушди Деҳот II баргузор намуданд.

Вохӯрӣ барои муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои лоиҳа, ки то охири соли дуюм ба даст оварда шудаанд, инчунин баррасии нақшаҳо барои соли сеюм, ки чор ҷузъи муҳим — кишоварзии устувор, идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ, ғизо ва оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, ки ба стратегияҳои миллӣ мувофиқат мекунанд ва дар иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои аввалиндараҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ саҳм мегузоранд, бахшида шуда буд. Лоиҳа дар бораи дастовардҳои асосӣ дар самти иҷрои нақшаи тасдиқшуда ва роҳнамои лоиҳа чунин гузориш дод:

  • такмил додани системаҳои обёрии 5466 гектар замин, аз ҷумла сохтмони шабакаи обёрӣ барои 68 гектар замини нав;
  • барқарорсозии беш аз 280 га ҷангалзор ва чарогоҳҳо ва бунёди 3 инфрасохтори чарогоҳ, ки ба ихтиёри ҷомеа дода шудаанд;
  • супоридани 60 тонна тухмии хушсифати картошка, ки боиси на камтар аз ду баробар зиёд шудани ҳосили картошка гардид;
  •  252 нафар кишоварзон ба агротехникаи мукаммал дастрасӣ пайдо карданд;
  • 96 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гармхонаҳои хурду миёна дастрасӣ пайдо карданд;
  • 1848 нафар кишоварзон ба анборҳои беҳтар дастрасӣ пайдо карданд;
  • маркази бехатарии озуқаворӣ ва лабораторияҳои байторӣ бо таҷҳизот таъмин карда шуданд, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ имкон доданд;
  • 348 нафар кормандони соҳаи тиб ва 360 нафар ихтиёриёни ҷамоатҳо дар самти тарғиби ғизо ва беҳдошт дар байни ҷомеа омӯзиши техникӣ гирифтанд. Зиёда аз 35,000 аъзои ҷомеа аз маъракаи беҳтар кардани тағйироти рафтор, марбут ба ғизо, баҳра бурданд;
  • сохтмони низомҳои таъмини оби нӯшокӣ барои 1,086 хонавода дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент оғоз ёфта, лоиҳа нақша дорад, ки то моҳи июли соли 2027 ин шумораро ба 4,452 хонавода расонад.

Аъзоёни кумитаи идоракунии лоиҳа ва иштирокчиён пешрафти лоиҳаро назаррас қайд карданд ва нақшаи кориро барои соли 3-юми лоиҳа тасдиқ намуданд, ки натиҷаҳои гузоришшударо васеъ хоҳад кард.

Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон: “Барномаи рушди деҳот, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва шарикони мо онро бомуваффақият амалӣ мекунанд, ба беҳтар шудани шароити зиндагӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ва рушди ҷомеаҳои устувори ба тағйироти иқлим тобовар, инчунин кишоварзии устувор мусоидат мекунад. Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об ҳамчун мавзӯи асосии рушди устувори Тоҷикистон, инчунин субот ва рушди тамоми минтақа боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, мо пешрафти назарраси ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоти муҳим дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ хеле қадр мекунем."

Абдухолиқ Холиқзода, Раиси шаҳри Панҷакент: “Мо медонем, ки буҷаи ин лоиҳа 16,6 миллион евроро ташкил медиҳад, вале муҳимтар аз ҳама он аст, ки лоиҳа тавассути ҳамкорӣ ва саҳми давлат, ҷомеа ва соҳибкорон ба рушди деҳот мусоидат менамояд. Дар ниҳоят, таъсири он ба иқтисодиёти минтақа на камтар аз 40 миллион евро хоҳад буд.

Лоиҳа ба шарофати ҳамкориҳои судманд ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ тавассути механизми самараноки ҳамоҳангсозӣ бомуваффақият амалӣ мегардад. Шарикон ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик сафари муштараки навбатии худро ба водии Зарафшон анҷом дода, аз натиҷаҳои ин лоиҳа дар маҳалҳо дидан кунанд.

Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон» (INVEST) лоиҳаи панҷсолаи консорсиуми Фонди Оғохон мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи Рушди деҳот II маблағгузорӣ мешавад. Буҷаи лоиҳа 16,6 миллион евро мебошад, ки аз он 15 миллион евро фонди Барномаи Рушди Деҳот II-и Иттиҳоди Аврупо ва 1,6 миллион евро саҳми Фонди Оғохон ва аъзоёни консорсиум Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кӯҳистон, КҒТ Сароб, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ, Хадамоти Оғохон оид ба макони зист мебошад. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, ва устувории ҷомеа дар водии Зарафшон тавассути пурзӯр кардани идоракунии устувор ва ҳифзи захираҳои табиӣ мебошад. Лоиҳа 1 августи соли 2022 оғоз ёфта, санаи анҷоми он 31 июли соли 2027 мебошад.