Хабари матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи 6-уми намояндагони вижаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон
© European Union, 2025
5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 6-уми Намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон баргузор гардид.
Иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон пас аз мулоқоти охирини моҳи феврали соли 2024 ва ҳамчунин доир ба бархӯрдҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба расонидани кӯмак ба Афғонистон табодули афкор намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи ҳуқуқи башар, бахусус занону духтарон, дар Афғонистон, инчунин чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.