This isn't an official website of the European Union

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро баррасӣ мекунанд

Рӯзи 16 июл дар Душанбе ҷаласаи ёздаҳумин Кумитаи ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҷонибҳо вазъи равобити дуҷонибаи худро дида баромада, дар бораи муҳимтарин таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ табодули афкор намуданд ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои густурда, аз ҷумла об, муҳити зист, энергетика, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд. Онҳо ҳамчунин ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дахл намуданд. Мулоқот дар фазои ошкоро ва созанда сурат гирифт, ки таҳкими равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро инъикос кард.

EU-Tajikistan Cooperation Committee meeting

 

Ҷонибҳо бо зикри самти мусбати рӯзномаи дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, музокироти идомадоштаи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон (СШҲГ), ки ҷамбасти он дар ояндаи наздик зери ҳадаф аст, дида баромаданд. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда шарикии мавҷудаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро амиқтар намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои нав густариш дода, муносибатҳоро ба сатҳи нави фароз мерасонад. Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба суботу шукуфоии Тоҷикистон ва талошҳои ислоҳоти он тасдиқ намуд.

Таъкид гардид, ки пешрафт дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон барои манфиати ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи муҳим мебозад. Иттиҳоди Аврупо аз қабули нахустин Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2038 ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 изҳори сипос намуда, аҳамияти риояи тавсияҳои ниҳодҳои махсуси СММ ва САҲА дар соҳаи озодиҳои асосиро таъкид кард. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз муҳимияти таҳқиқи ҳамаҷонибаи нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ёдовар шуда, аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва блогерҳои маҳбус изҳори нигаронӣ намуд. Ҷомеаи шаҳрвандии мустақил ва фаъол дар якҷоягӣ бо воситаҳои ахбори умуми озод барои рушди ҷомеаи демократӣ муҳим аст.

Дар доираи баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии рушд, ҷонибҳо барномаи дастгирии буҷети Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва ду ташаббуси тими Аврупо (аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он) оид ба захираҳои об, энергетика ва тағирёбии иқлим ва пайвастагии рақамӣ қайд намуданд, ки метавонанд ба рушди Тоҷикистон ҳиссаи калон гузоранд. Иттиҳоди Аврупо рушди иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, инчунин талошҳои онро барои беҳтар кардани идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дастгирӣ менамояд. Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо инчунин ба мусоидат ба тиҷорат дар Долони нақлиётии Транс-Каспий ва омӯхтани имкониятҳои ҷалби ҳамкорӣ дар масъалаи ашёи хоми муҳим тамаркуз хоҳад кард.  Иттиҳоди Аврупо иштироки фаъолтари Тоҷикистонро дар табодули академӣ ва барномаҳои тадқиқотии илмӣ, аз қабили барномаҳои Horizon Europe ва Erasmus+, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташвиқ намуд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, аз нақши созандаи Тоҷикистон дар амиқсозии ҳамкориҳо дар дохили минтақа ва берун аз он, бахусус дар бозори минтақавии нерӯи барқ ​​истиқбол намуд. Иттиҳоди Аврупо нақши пешбарии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи об ва тағирёбии иқлим қадр карда, Конфронси навбатии 3-юми Душанбе доир ба Даҳсолаи амал оид ба об, ки 10-13 июни соли 2024 бомуваффақият баргузор гардид, қайд намуд.

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳамчунин бо такя ба Муколамаи сатҳи баланди гирди масоили сиёсӣ ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (5 июни 2024) ҳамкориро дар амният низ баррасӣ карданд. Онҳо аз аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи инсон ва маводи мухаддир ёдовар шуда, аз ҳамкориҳои давомдор дар мубориза бо терроризм ва ҳамчунин аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос карданд. Иттиҳоди Аврупо дар бораи марҳилаҳои нави ду барномаи калидии минтақавии Иттиҳоди Аврупо, ки ба субот ва амнияти Тоҷикистон мусоидат мекунанд, аз ҷумла Барномаи идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP), маълумот дод, ки онҳо ба мутобиқшавӣ ба мушкилиҳои нав ба амнияти байналмилалӣ тамаркуз мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, афзоиши хатари терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез табодули афкор намуданд.

Кумитаи ҳамкориро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҷаноби Аҳлиддин Нуриддинзода ва муовини Директори иҷрокунандаи Хадамоти амалиёти берунаи аврупоӣ ҷаноби Люк Девин роҳбарӣ карданд.