This isn't an official website of the European Union

Ташаббуси сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Роҳи Абрешим: Таъсиси робитаҳо байни сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бозори Аврупо

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани сатҳи сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба гуногунсозии иқтисодиёт тавассути таҳкими бахши сайёҳӣ дар асоси ҷамоатҳои маҳаллӣ мебошад.

 

"Ташаббуси Сайёҳии Роҳи Абрешим дар асоси ҷомеа" - лоиҳаи минтақавӣ мебошад, ки аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии ACTED амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи сесола, ки моҳи январи соли 2023 ба анҷом мерасад, ҳамкорӣ бо созмонҳои миёнарави тиҷоратӣ (СМТ) дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегирад. Ҳадафҳои асосӣ ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба диверсификатсияи иқтисодиёт тавассути таҳкими бахши сайёҳӣ дар асоси ҷомеа (ТЧА) мебошанд. Лоиҳа аз ҷониби барномаи сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ V бо буҷаи умумии 1 281 388 евро маблағгузорӣ мешавад.

Туризми дар ҷомеа асосёфта як намуди сайёҳӣ мебошад, ки дар он ҷомеаи маҳаллӣ бар он назорати аввалия дорад ва дар рушд ва идоракунии он иштирок мекунад ва қисми зиёди даромад дар дохили ҷамоат боқӣ мемонад, ки манфиатҳои васеътари иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологиро фароҳам меорад. Ин яке аз бахшҳое дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки барои саҳм гузоштан ба рушди фарогиру устувори деҳот иқтидори бузург дорад.

Лоиҳа иқтидори ассотсиатсияҳои туризми дар чомеа асосёфтаи маҳаллиро дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро барои пешниҳоди хидматҳои рушди тиҷорат, маркетинг ва таблиғ, инчунин ҳимоя ва намояндагии манфиатҳои ТЧА тақвият медиҳад.

Чорабиниҳо таҳияи модулҳои нави таълимӣ; таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои ассотсиатсияҳои ТЧА, гузаронидани тренингҳо барои зиёда аз 500 корхонаи хурду миёна, семинарҳо барои муайян кардани мавзӯъҳои асосии тарғибот ва сафарҳои омӯзишӣ дар бар мегиранд. 

Осиёи Марказӣ пур аз мавзеъҳои ҷолиби таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ аст, аммо бисёре аз онҳо барои сайёҳон номаълум боқӣ мемонанд, зеро танҳо шумораи муайяни мавзеҳои машҳур ба масирҳои анъанавии сайёҳии сайёҳони хориҷӣ рост меоянд. Барои мусоидат ба тақсимоти мутаносиби сайёҳон дар саросари минтақа, ACTED харитасозии ҳамаҷонибаи мероси ғанӣ ва гуногунҷанбаи фарҳангиву таърихӣ ва ҷозибаҳои табииро дар Осиёи Марказӣ анҷом медиҳад. Дар асоси харитасозӣ, ACTED харитаи интерактивии онлайни таъинотро бо маълумот дар бораи ҷозибаҳои табиӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихӣ, хидматрасонии ТЧА ва имконоти нақлиёт таҳия хоҳад кард.

Ғайр аз ин, лоиҳа бо ташкилотҳои маблағгузории хурд барои беҳтар кардани дастрасии бахши ТЧА ба маҳсулоти молиявӣ бо мақсади навсозии хидматрасони ва баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар бахши ТХМ-и ТЧА дар кисмати рушди малакаҳои соҳибкорӣ, ки барои шукуфоӣ ва рушди онҳо заруранд, ҳамкорӣ мекунад.

Лоиҳа ба ташкилотҳои маблағгузории хурд дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҷорӣ намудани маҳсулоти молиявии дастраси озмоишӣ барои бахши ТЧА кумак мерасонад. Ин маҳсулот дар асоси таҳлили вазъияти мавҷудияти маҳсулоти молиявӣ барои бахши ТЧА, ки дар соли 2021 гузаронида шудааст, таҳия карда мешаванд.

Шарикони лоиҳа – ассотсиатсияҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – барои таҳкими иқтидори ассотсиатсияҳои маҳаллии ТЧА ҷиҳати пешниҳоди омӯзиши молиявӣ барои корхонаҳои хурду миёна дар бахши ТЧА кор мекунанд. Курсҳои омӯзишии пилотӣ барои 300+ корхонаҳои хурду миёна дар соли оянда бо таваҷҷӯҳ ба занони соҳибкор ташкил карда мешаванд.

 

EU ACTED_Community Based Tourism_Tajikistan

 

Лоиҳа инчунин ҳадафи ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешбурди Осиёи Марказӣ ҳамчун як макони сайёҳии минтақавӣ дар бозори сайёҳии Аврупо ва байналмилалиро дорад.

Лоиҳа барои қонеъ кардани талаботи афзоянда ба маҳсулоти беҳтаршудаи ТЧА  равона гардидааст, ки дар партави пандемияи COVID-19 ва таъсири харобиовари он ба бахши сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Тавассути таблиғ ва рушди маҳсулоти сайёҳии минтақавӣ - барои баланд бардоштани ҷолибият барои сайёҳони хориҷӣ - платформаи онлайни B2B бо мақсади ба ҳам овардани маҳсулоти ТЧА ва операторони сайёҳӣ дар саросари минтақа ба кор андохта мешавад. Ассотсиатсияҳои ТЧА ко-брендингро қабул мекунанд ва дар ярмаркаҳои байналмилалии сайёҳӣ ширкат мекунанд.

Гайр аз он, дар чорчубаи лоиҳа "Cафарҳои таблиготи дар Роҳи  Абрешим" гузаронида мешаванд, ки ба операторони туристии аврупоӣ, промоутерҳо ва блогерҳо нигаронида шудааст, ва инчунин кор барои таҳияи маркази иттилоотии онлайн ва рушди минбаъдаи платформаи visitcentralasia.org идома дорад.