This isn't an official website of the European Union

Рӯзи ҳуқуқи инсон: изҳороти Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо

Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Аврупо бори дигар ӯҳдадории худро ба эҳтиром, ҳифз ва иҷрои ҳаматарафаи ҳуқуқи инсон барои ҳама ва дар ҳама ҷо тасдиқ менамояд. Мавзӯи имсолаиҲуқуқҳои мо, ояндаи мо, худи ҳозирзарурати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо барои ояндаи одилона, устувор ва босуботро таъкид мекунад, ки дар он ҳеҷ кас дар канор намемонад.

Ҳуқуқҳои инсон кафолатҳои қонунӣ, маънавӣ ва амалишавандаи умумиинсонӣ мебошанд. Онҳо барои таъмини шаъну шарафи инсон, баробарӣ, демократия, сулҳ ва рушди устувор воҷибанд. Сулҳ ва шукуфоӣ, инчунин ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор бо эҳтироми волоияти қонун ва тамоми ҳуқуқҳои инсон ба ҳам пайвастаанд.

Ҳоло, беш аз пеш, мо бо низоъҳои мусаллаҳона, бӯҳронҳои башардӯстона, фалокатҳои иқлимӣ, беҷазоӣ, нобаробарии афзоянда ва дар аксари макон бо нобаробарии доимии гендерӣ рӯбарӯ ҳастем. Тартиби байналмилалии ба қоидаҳо асосгирифта, ки дар қалбаш ҳуқуқи инсон омадааст, дар асл ивазнашаванда боқӣ мемонад. Ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина ва низоъҳо дар Ховари Миёна, Судон ва дигар манотиқ оқибатҳои даҳшатборе барои татбиқи ҳуқуқи инсон барои мардуми осоишта доранд, ки бахусус ба занону кӯдакон таъсири бештар мерасонанд.

Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест; он меҳнати ҳаррӯза, омодагии доимии ҳимояи он ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон, баробарӣ, бетабъизӣ, адолат ва демократияро талаб мекунад. Ҳуқуқҳои инсон дар ҳама ҷо ва ҳама вақт, аз ҷумла ҳангоми муноқиша ё бӯҳрон татбиқ бояд шуд. Тағйироти ҷиддӣ ва пойдор танҳо тавассути саъю кӯшиши доимӣ барои пешбурди ҳуқуқи инсон, ҳамкорӣ байни фаъолони ҷаҳонӣ, тавонмандсозии ҷавонон ҳамчун фаъолони тағирот ва дастгирии амалии ҳар як фард барои татбиқи ҳуқуқҳо имконпазир аст. Иттиҳоди Аврупо ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва кормандони ВАО, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки ба сулҳ, ҳақиқат, адолат ва масъулият даъват мекунанд, доимо дастгирӣ менамояд.

Ба Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон содиқ буда, бо такони нав аз «Паймон барои Оянда», Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва шарикони он дар саросари ҷаҳон ҳамаи давлатҳоро ба риоя ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳуқуқи инсон даъват мекунад. Дар ҳоле ки мо 75-умин солгарди таъсиси Шӯрои Аврупоро таҷлил менамоем, Иттиҳоди Аврупо тарафдори  шомилшавӣ ба Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад.

Иттиҳоди Аврупо пешбарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро барои ҳама ва дар ҳама ҷо давом медиҳад - Ҳуқуқҳои шумо, Ояндаи шумо, Ҳозир ва Ҳамеша.

Anouar EL ANOUNI
Spokesperson for EU Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 229 13580

Агар Шумо рӯзноманигор нестед, лутфан саволи хешро ба хадамоти иттилооти ҷамъиятӣ фиристед.