This isn't an official website of the European Union

Русия: Изҳороти Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо оиди марги Алексей Навалний

Иттиҳоди Аврупо аз марги сиёсатмадори мухолифи Русия Алексей Навалний, ки масъулияти ниҳоӣ бар дӯши президент Путин ва мақомотҳои Русия аст, хашмгин аст.

 Имрӯз дар Шӯрои корҳои хориҷӣ мо ба ҳамсари ӯ Юлия Навалная, фарзандони онҳо, оила, дӯстон ва ҳамаи онҳое, ки бо ӯ ба манфиати кишварашон кор мекардаанд, изҳори ҳамдардии амиқ баён кардем.

Русия бояд ба таҳқиқи мустақил ва шаффофи байналмиллалии ҳолатҳои марги ногаҳонии ӯ иҷозат диҳад. Иттиҳоди Аврупо дар ҳамоҳангии зич бо шарикон бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарияти сиёсӣ ва мақомотҳои Русия кӯшиши худро дареғ намедорад; ва барои амалҳояшон хароҷоти иловагӣ тавассути таҳримҳо мегузаронад.

Дар саросари ҷаҳон мардум барои гиромидошти хотираи Алексей Навалний ҷамъ омаданд. Мақомотҳои Русия кӯшиш карданд, ки дар чанд ҷой аз воқеаҳои шабеҳ пешгирӣ кунанд ва чандсад нафар боздошт шуданд. Онҳо бояд фавран озод карда шаванд.

Навалний пас аз як сӯиқасд бо маводи мухаддири асаб "Новичок", ки тибқи Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ мамнӯъ аст, ки Федератсияи Русия узви он мебошад, далерона ба Русия баргашт. Дар асоси якчанд ҳукми дорои ангезаи сиёсӣ ӯ ба як колонияи шадиди Сибир маҳкум буд, ки дар он ҷо ӯро барои ҷудо кардани ӯ аз тамоми ҷаҳон кӯчонида буданд. Дастрасии хонаводааш ба ӯ маҳдуд буд. Вакилони дифои ӯ таъқиб мешаванд ва се нафари онҳо аз моҳи октябри соли 2023 дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Иттиҳоди Аврупо борҳо ба таври шадид заҳролудшавии Навалний ва ҳама ҳукмҳои дорои ангезаи сиёсиро барои фаъолиятҳои қонунии сиёсӣ ва зиддикоррупсионии ӯ маҳкум карда, хостори озодии фаврӣ ва бечунучарои ӯ буд. Борҳо аз Русия дархост карда буд, ки амният ва саломатии ӯро таъмин кунад, аз ҷумла бо муроҷиат ба мақомотҳои Маскав, аммо ин муроҷиат бенатиҷа монд.

Навалний дар тӯли ҳаёти худ бо фаъолияти мубориза бо коррупсия дар саросари Русия ҷасорати бебаҳо, садоқат ба кишвар ва ҳамватанони худ ва қатъият нишон дод, ки бисёриҳоро дар саросари кишвар ҷалб кардааст. Ба ҳамин сабаб Путин ва режими ӯ, низ дар заминаи ҷанги таҷовузкоронаи ғайриқонунии Русия алайҳи Украина ва интихоботи президентии Русия дар моҳи март, аз ӯ метарсиданд.

Марги ногаҳонӣ ва даҳшатноки Навалний боз як нишонаи саркӯбҳои суръатбахш ва муназзам дар Русия аст. Иттиҳоди Аврупо бори дигар аз Русия дархост мекунад, ки ҳама зиндониёни дигари сиёсӣ, аз ҷумла Юрий Дмитриев, Владимир Кара-Мурза, Иля Яшин, Алексей Горинов, Лилия Чанишева, Ксения Фадеева, Александра Скочиленко ва Иван Сафроновро фавран ва бечунучаро озод кунад.