Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо аз Тоҷикистон боздид мекунад
Ин сафар имкони муҳим барои баррасии авлавиятҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо фароҳам овард.
Ноиби Президент Схинас бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир мулоқот намуд. Ба масъалаҳои пайвастшавӣ дар заминаи стратегияи Глобалии Иттиҳоди Аврупо "Global Gateway" таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақлиёт, пайвасти рақамӣ ва иртиботи “об-барқ” таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Мавзӯъҳои муҳиме аз қабили иқтидори сармоягузорӣ, тағирёбии иқлим ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм низ баррасӣ шуданд.
EU DEL
Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон Форуми дарпешистодаи сармоягузорони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро, ки рӯзҳои 29-30 январи соли 2024 дар Брюссел баргузор мешавад, баррасӣ карданд. Онҳо ҳамчунин дастгирии идоракунии сарҳад бо Афғонистон ва афзалиятҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди устувор ва идоракунии хуб, демократия ва ҳуқуқҳои инсонро баррасӣ намуданд.
EU
Тарафҳо кайд намуданд, ки равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар самти мусбат карор дорад, ва инро гуфтушуниди давомдор оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда (EPCA) нишон медиҳад, ки муносибатҳоро ба сатҳи нав мебарорад. Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст ва Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст ҳамкориҳои қавии худро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди инсонӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ идома диҳад.