This isn't an official website of the European Union

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни лоиҳаҳоро барои пешбурди демократия ва ҳуқуқи инсон эълон мекунад

Дар доираи озмуни мазкур Иттиҳоди Аврупо дар умум 1 855 000 евро барои дастгирии лоиҳаҳо оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва озодиҳои асосӣ дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.

 

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон оид ба озмуни қабули пешниҳодҳо аз ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва озодиҳои асосӣ нашр намуд.

Дар доираи озмуни мазкур Иттиҳоди Аврупо дар умум 1,855,000.00 евро ҷудо мекунад. Довталабон метавонанд барои грант ба маблағи аз 300 ҳазор то 400 ҳазор евро дархост пешниҳод кунанд.

Довталаби пешбар бояд дар якҷоягӣ бо довталаб(ҳо) амал кунад. Аммо, агар довталаби пешбар дар Тоҷикистон набуда, балки дар кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ё ягон қаламрави дигар таъсис дода шуда бошад, он бояд бо ҳадди ақал ду шарики довталабе, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, амал кунад.

Пас аз давраи стандартии арзёбии рақобатпазир ва шаффоф, лоиҳаҳои интихобшуда бояд пас аз имзои созишномаи грантӣ ба кор шурӯъ кунанд ва ба мӯҳлати на камтар аз 24 моҳ ва на бештар аз 36 моҳ амал кунанд. Мӯҳлати пешниҳоди маълумоти мухтасари пешакӣ оид ба лоиҳа 17 апрели соли 2024 соати 14:00 (бо вақти Брюссел) мебошад.

Роҳнамои довталабони грант, аз ҷумла замимаҳои он ва маълумоти иловагӣ дар ин саҳифаҳо нашр ва дастрас мебошанд: https://europa.eu/!vtkCHH ё https://webgate.ec.europa.eu/online-services/#/