Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам ва сил мегузаронад
Ҳадафи чорабинии мазкур - баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оиди бемориҳо ва чораҳои муҳофизатӣ аз онҳо ба ҳисоб меравад.
Лоиҳа роҳбарони маҳаллӣ, коршиносони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, Маркази тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемории сил, Маркази пешгирии ВНМО/БПНМ ва кормандони кӯмаки аввалияи тиббиро даъват намуд. Якҷоя мо огоҳии мардумро оиди бемориҳоро баланд бурда, бар зидди ақидаҳои ғалат мубориза мебарем, ки мушкилоти асосии тандурустии Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
EU - GIZ Tajikistan, 2024
Кӯшишҳо дар ин самт, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон маблағгузорӣ мешаванд, ӯҳдадориҳои онҳоро барои беҳтар кардани натиҷаҳои тандурустӣ дар минтақа таъкид мекунанд. Ҳадаф аз он иборат аст, ки ба ҳама барои дарк кардани хатарҳо ва беҳтар муҳофизат кардани худ ва аҳли оилаашон кӯмак расонем.
Чиро интизор бояд шуд? Мо чорабиниҳои гуногуни ҷолиб ва иттилоотиро баргузор менамоем! Аз ҷумла маводҳои гуногуни таълимӣ ва наворҳо, ки характери таълимӣ дошта, сатҳи огоҳии омма дар самти кам кардани хатари паҳншавӣ, пешгирӣ ва табобати ВНМО ва сил баланд мебардоранд, дастрас хоҳем намуд. Инчунин муоинаи ройгони тиббӣ, аз қабили рентгени қафаси сина ва ташхиси ВНМО пешниҳод мегардад, то дар ошкор кардани мушкилоти эҳтимолии саломатӣ ва кам кардани хатари паҳншавии ин бемориҳо кӯмак расонда шавад.
Мо мехоҳем заминаро барои фароҳам овардани муҳити дӯстона ва дастгиркунанда эҷод намоем то ин, ки ҳамагон дар раванди ҷустуҷӯи ёрии тиббӣ худро бароҳат ҳис намоянд. Намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Гулизор Ашӯрова изҳор дошт, ки “ин як иқдоми муҳим дар раванди мубориза бо ВНМО ва сил ба шумор меравад. Бо баланд бардоштани сатҳи дониши мардум ва муҳайё намудани хидматрасониҳои зарурӣ барои онҳо мо ҷомеаи солимро, ки аз мушкилоти он огоҳ аст, бунёд, хоҳем кард”.
Маърака дар як минтақаи зерҳадаф оғоз гардида, дар оянда дар 12 минтақаи дигар дар моҳҳои оянда гузаронида мешавад. Чорабинӣ қисми ҳадафи доимии мост - таҳкими соҳаи тандурустӣ ва дастрас намудани хадамоти босифати тиббӣ дар Тоҷикистон.
Мо аз тамоми ҷомеаи маҳаллӣ даъват менамоем, ки дар ин маъракаи муҳим ба мо ҳамроҳ шуда, аз хидматрасониҳои тиббии ройгон истифода баранд. Биёед барои фардои солим якҷоя кор кунем!
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан ба Нигина Давлатова муроҷиат намоед: [email protected].