Иттиҳоди Аврупо: Долони нақлиётии Транскаспий – эҳёи Роҳи Абрешим
Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории умумии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 10 миллиард евро ба пайвастагии устувори нақлиёт дар Осиёи Марказӣ ҳамчун саҳми муштараки шарикони байналмилалӣ эълон намуд. Комиссияи Аврупо дар доираи стратегияи Иттиҳоди Аврупо «Global Gateway» барномаи минтақавии нақлиётро барои дастгирии Долони нақлиётии Транс-Каспӣ (TCTC) омода мекунад.
EU Delegation
Форуми сармоягузорон оид ба пайвастагии устувори нақлиёт байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ моҳи январи соли 2024 дар Брюссел намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, сармоягузорон ва созмонҳои молиявиро ҷамъ кард. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ӯҳдадориҳои сиёсии худро ҷиҳати густариши долонҳои нақлиётӣ ва ба ин васила густариш ва таҳкими робитаҳои минтақавиро изҳор намуданд.
EU Delegation
Дар ҷараёни боздидаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2024, ҷаноби Ҳололей бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, роҳҳои табдили амали сиёсиро ба сармоягузории воқеӣ омӯхтааст.
EU Delegation
Ҷаноби Ҳенрик Ҳололей дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо ҷонибҳои манфиатдор, ки барои муҳокимаҳо оид ба Долони нақлиётии Транс-Каспӣ ва оғози дарпешистодаи Платформаи ҳамоҳангсозӣ, ки 12 июн ба нақша гирифта шудааст, мулоқот намуд, ва ба таҳияи барномаи ояндаи нақлиёти Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ саҳм гузошт. Ҷаноби Ҳенрик Ҳололей инчунин дар бораи ташаббусҳои муштарак дар минтақа маълумот ҷамъоварӣ намуда, усулҳои баланд бардоштани ҳамоҳангӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар бахши нақлиёти минтақа барои мусоидат ба сармоягузории оянда ба Долони нақлиётии Транс-Каспӣ муайян кард.