Иттиҳоди Аврупо аз муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар бораи "Қонун дар бораи воситаҳои ахбори омма" дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан бо ду қонун – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радио» танзим карда мешавад.
Бо вуҷуди тағйироту иловаҳо ба ин қонунҳо, пешрафти технологӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ моро водор мекунад, ки минбаъд ин қонунҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созем.
Аз ин рӯ, моҳи марти соли 2023 бо қарори Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» таъсис дода шуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомиланд, ки таҷрибаи кишварҳои гуногунро омӯхта, санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ВАО-ро таҳлил кардаанд.
Гурӯҳи корӣ сохтори лоиҳаи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма»-ро таҳия намуда, бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва ҳуқуқшиносони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баррасиву муҳокимаҳои ҷамъиятӣ доир намуд.
Дар натиҷаи ин машваратҳо қариб 100 шарҳу эзоҳ қабул гардид, ки аз ҷониби гурўҳи корӣ алоҳида дида баромада, дубора мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз ҷаласаи навбатӣ баррасии лоиҳаи қонун бо доираи васеи мақомоти давлатӣ, намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва журналистӣ мебошад.
Конфронси мазкур аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.