This isn't an official website of the European Union

Изҳороти муштарак оиди солгарди дусолаи оғози таҷовузи ҳамаҷонибаи Русия ба Украина дар 24 феврали соли 2022

  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи 24 феврали соли 2024 мақомотҳои Тоҷикистон, дипломатҳои муқими Тоҷикистон, диаспораи украинӣ ва шарикони байналмилалиро барои арҷгузорӣ ба устувории мардуми Украина ва изҳори муттафиқии ҷомеаи байналмилалӣ дар муборизаи онҳо ба муқобили ҷанги таҷовузкоронаи Русия даъват намуданд.

Дар ҳоле ки ин рӯз соли дуввуми таҷовузи ҳамаҷонибаи Русия ба Украина 24 феврали соли 2022 аст, ҷанги таҷовузкор дар соли 2014, вақте ки Русия муваққатан нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард ва ба минтақаҳои шарқии Украина - Донетск ва Луҳанск - ҳамла кард, оғоз шуд.

Соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии ҳудудӣ асоси тартиботи байналхалқӣ мебошанд; Русия ба муқобили як узви соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷанги навмустамликавӣ мебарад. Русия низ собит намуд, ки сазовори эътимод нест, ӯҳдадориҳои қонунии худ, созишномаҳои байналмилалӣ ё дуҷонибаро вайрон менамояд, ҳар гоҳ хоҳад, ки манфиати худро пешбарӣ намуда, аз нерӯи ҳарбӣ барои ноил шудан ба хостаҳояш, бар хилофи оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ истифода мебарад. Ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина барои тамоми ҷаҳон як мисоли хатарнок эҷод мекунад; онро қатъ кардан лозим аст.

Ҳамлаи Русия шикасти дағалонаи қонунҳои байналмилалӣ, таҳдиди бевосита ба сулҳу амният, пеш аз ҳама дар Аврупо ва чолишҳои номақбул ба суботи иқтисодӣ, энергетика ва амнияти озуқаворӣ мебошад.

Ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 ният дошт давлати Украинаро дар тӯли ҳафтаҳо нест кунад. Бо гузашти ду сол, Украина беш аз нисфи қаламравҳои навзабтшударо озод карда, то ҳол истодагарӣ менамояд ва мубориза мебарад. Украина метавонад содироти худро ҳифз кунад ва ба амнияти озуқавории ҷаҳонӣ саҳм гузорад [бо вуҷуди муҳосираҳои Русия, ҳамлаи мушакҳо ва хориҷи якҷонибаи он аз Ташаббуси ғаллаи баҳри Сиёҳ]. Ҳатто дар зери ҳамлаҳои доимии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакӣ, укроинҳо устувор боқӣ мемонанд ва ба барқарорсозӣ, ислоҳот ва сармоягузорӣ ба ояндаи худ идома медиҳанд.

Ҳеҷ кас сулҳро бештар аз Украина намехоҳад, ки бо зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон барои ба даст овардани сулҳи одилона фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Формулаи сулҳи Украина ягона ташаббуси сулҳ аст, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ баррасӣ ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад. Украинаи осоишта метавонад як неруи инноватсионӣ, таъминкунандаи амният ва шарики боэътимоди амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бошад.

Русия қасди қатъи таҷовузи мусаллаҳона, хурӯҷи нерӯҳои ишғолгари худ аз Украина ва ё ҳалли дипломатиро надорад. Раисиҷумҳури Русия Путин ҳазорон мардонро ба ҷанг мефиристад ва умедвор аст, ки дар остонаи "интихоботи президентӣ" дар моҳи март ба ҳадди ақал муваффақияти ночиз ноил шавад. Русия инчунин ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба шаҳрҳои Украина идома медиҳад, ки боиси қурбониёни ғайриҳарбӣ ва осеб ба зерсохтори муҳими Украина мебошад.

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он амалҳои лозимиро идома хоҳанд дод, то он даме, ки Украина ғалаба кунад. Ҳоло дастгирӣ ва имкон додан ба Украина барои ҳифзи тақсимнопазирии ҳудудии он беҳтарин роҳи кафолати амнияти наслҳои оянда аст. Танҳо ягонагӣ ва катъият ба мукобили таҷовузкор самарабахш аст.

Муборизаи озодӣ ба муқобили зулму истибдод дар давраи халкунанда аст, ва он садокат, муттафиқ ва ягонагии моро талаб мекунад.

Сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамфикри Изҳороти муштараки мазкур мебошанд.

#24Feb2022